Телефон барои тамос +992 907 68 88 68 mail Muassisai-10@yandex.ru
menu

Ба ифтихори 110 солагии фарзанди баруманди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров
15.01.2020, 11:49

Тољикистон сарзамини пурганљ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу бономус ва бофарњангаш мебошанд.

                                               Эмомалї Рањмон

 

Њар як халќу миллат дар њама давру замон фарзандони бузурги худро дорад, ки аз онњо мефахрад ва  бо номи онњо  таъриху маданияташ шуњрати љањонї пайдо мекунад.Миллати тољик аз љумлаи њамон миллатњост, ки дар гузашта Рўдакиву Фирдавсї, Синову Хайём, Камолу Носири Хусрав барин мутафаккирони бузург шуњрати миллатро љањонї намуда буданд. Дар замони њукумати шўравї  устод Айниву Мирзо Турсунзода ва  Бобољон Ѓафуров барин фарзандони содиќи Ватан номбардори ин миллат ва пайравони асили гузаштагони бузурги худ буданд. Агар адабиёти садаи бистуми  тољик бо номи Айниву Турсунзода шуњрати љањонї пайдо карда бошад, пас бо саъю кўшиш ва ќалами академик Бобољон Ѓафуров таърихи ѓании халќи тољик аз нав зинда гардид. Насли љавони имрўзаи тољик дар бораи ин бузургмард, ки тамоми њастияшро барои миллат бахшидааст, бояд маълумоти кофї дошта бошад.  

Бобољон Ѓафуров  31-уми декабри соли 1909 дар мањаллаи Исписори собиќ ноњияи Хуљанд ба дунё омадааст.Падараш Ѓафур Сангинов –боѓпарвар ва муддате  корманди роњи оњан низ будааст. Модараш шоира -Розия Озод зани босаводу бомарифате будааст, ки дар таълиму  тарбияи Бобољон Ѓафуров наќши муњиме гузоштааст.Оѓози зиндагии аллома    Бобољон Ѓафуров ба солњои вазнини гуруснагиву бенавої рост омадааст. Танњо Инќилоби  Октябр дари бахту саодатро ба рўи  Бобољон Ѓафуров  ва њазорон њамсолону њамќисматонаш боз намуд.Ў яке аз аввалинњост, ки дар солњои нахустини хокимияти шўравї дар хонаи бачагон ва мактаби типпи нав (советї) тањсил намудааст.Сипас, соли 1928 тањсилро дар  мактаби њуќуќшиносии шањри Самарќанд идома додаст. Мактаби номбурдаро  ба итмом расонда, ба Сталинобод меояд. Аз соли 1930 то соли 1931 дар идорањои  гуногуни давлатї; њамонваќта  кумитаи адлия ва идораи маљаллањои љумњуриявии «Овози тољик», «Ќизил Тољикистон» фаъолият намудааст.Аз соли 1931 то соли 1935 дар Донишкадаи умумииттифоќии журналистии  шањри Москва тахсил менамояд.Аз моњи сентябри соли 1940 то моњи апрели соли 1941   Бобољон Ѓафуров  њамчун  аспирант дар  Донишкадаи таърихи Академияи Илмњои собиќ СССР тањсилро идома додаст.   Пас аз хатми бомуваффаќияти  аспирантура   ў њамчун котиби Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тољикистон дар бахши тарѓиботу ташфиќот, сипас аз моњи феврали соли 1945 котиби дуюми  Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тољикистон ва аз моњи майи соли 1946 то соли 1956 котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тољикистон шуда фаъолият намудааст.    Бобољон Ѓафуров  дар њама њолат, бо вуљуди ба уњда доштани вазифањои пурмасъулияту зањматталабаш   мунтазам ба илм машѓул буд. Дар натиљаи зањматњои  зиёд соли 1947 асари мукаммали ў бо номи «Таърихи мухтасари халќи тољик » (аз замонњои ќадим то Револтсияи Октябр)  бо забони тољикї ба табъ расид.Баъдтар солњои 1949, 1952,1955 ин китоб дар Москва бо забони русї нашр гардид, ки аз љониби муаррихон-бостоншиносони маъруфи замон А.Ю Якубовский, М.М.Дяконов, С.П.Толстов, Н.А.Кисляков ва дигарон бањои баланд дода шуд. Ба Бобољон Ѓафуров  соли 1952 барои таълифи китоби номбурда унвони Доктори илми таърих дода шуд.   

     Бобољон Ѓафуров  соли 1956 директори  Донишкадаи Шарќшиносии Академияи Фанњои собиќ СССР таъин гардид. Таљрибаи бой ва мањорати хуби роњбарї ба ў имконият дод, ки дар як муддати кўтоњ кори донишкадаро ба дараљаи баланд ба роњ монад. Дар натиља донишкадаи номбурда ба маркази њаќиќии илм табдил ёфт. Бобољон Ѓафуров  дар давоми зиёда аз 21 соли фаъолияташ дар   Донишкадаи Шарќшиносии Академияи Фанњои собиќ СССР  дар конфронсу конгрессњои бешумор доир ба масалањои муњими илми шарќшиносї, тариху бостоншиносї бо маърўзањо баромад кардааст. Хизматњои зиёди   Бобољон Ѓафуровро дар самти илми шарќшиносї ба назар гирифта, соли 1958 ўро аъзо-корреспондент ва соли 1968 аъзои њаќиќии Академия Фанњои собиќ СССР интихоб намуданд.Дар баробари њамаи ин масъалањои номбурда ва корњои ташкилї Бобољон Ѓафуров  чуќуртар тањлилу тадќиќ намудани тарихи халќи тољикро вазифаи љонї ва аввалиндараљаи худ мешуморид.Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат соли 1963 таърихи бисёрљилдаи халќи тољик аз замонњои ќадим то њамон рўзњо ба табъ расид, ки муњаррири масули он худи Академик Бобољон Ѓафуров мебошад. Бо вуљуди нашр шудани таърихи бисёрљилда аллома Бобољон Ѓафуров дар назди худ маќсад гузошт,ки дар асоси маводњои нодири бостоншиносї ва сарчашмањои муътамади ќадима таърихи дуљилдаи тоинќилобии тољикро навишта, пешкаши хонандагон гардонад. Ќисми аввали ин ќитоб бо номи «Тољикон.Тарихи ќадимтарин, ќадим ва асрњои миёна» соли 1972 нашр шуд. Аммо марги бемањал нагузошт, ки орзуњои аллома Бобољон Ѓафуров пурра амалї гарданд.Ў дар айни камолоти эљодї 12 июли 1977 аз дунё гузашт. Аммо наздик ба 400 асару маќолањои илмиву тадќиќотиаш дар њазинаи таърихи халќи тољик мисоли  ганљи бебањост, ки номи ўро асрњо љовид нигоњ медоранд.

Хизматњои бузурги аллома Бобољон Ѓафуров  њамчун ходими сиёсї, муаррих ва олими шарќшинос бо нишонњои Ленин, Револтсияи Октябр, Байраќи Сурхи Мењнат ва ѓайрањо ќадр карда шудааст.Ў  Лауреати мукофоти байналхалќии ба номи Нењру ва профессори фахрии чандин донишгоњњои машњури љањон буд.

Чуноне ки гуфтаанд: Бузургонро бузургон зинда медоранд!  Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки роњбараш фарзанди дигари фарзонаи миллат Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад, ба гузаштагони арзандаи миллат арљгузорї намуда, номи онњоро эњё намудааст.Аз љумла хизматњои шоистаи фарзанди баруманди миллати тољик- Бобољон Ѓафуров  ќадрдонї гардида, ба ифтихораш тадбирњои зерин анљом дода шудааст:      

-8-уми сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба таърихшиноси шинохтаи тољик, академик, муаллифи китоби «Тољикон» Бобољон Ѓафуров  унвони олии «Ќањрамони Тољикистон»  дода шуд.                                                        

- Барои хизматњои арзанда дар назди бинои Академияи илмњои Тољикистон нимпайкараи Бобољон Ѓафуров гузошта шудааст.                                                  

-дар пули миллї, ки соли 1999 ба муомилот бароварда шудааст, дар панљоњсомона  расми Бобољон Ѓафуров ва акси китоби «Тољикон» љой дода шудааст.                                                                                                                                                                   

-30-юми июни соли 1999 бо ќарори Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба шарафи 90 солагии аллома  Бобољон Ѓафуров  ноњияи Хуљанд номи ноњияи Бобољон Ѓафуровро гирифт.

Инчунин, дар њудуди кишварамон, дар шањру ноњияњои гуногун  дањњо мањаллањои ањолинишин, кўчањо, муассисањои таълимї ва Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба ифтихори  Академик Бобољон Ѓафуров номгузорї карда шудааст.Дар бораи зиндагї, фаъолияти илмиву тадќиќотї, роњбарї ва пањлўњои дигари рўзгори аллома Бобољон Ѓафуров аз љониби олимон, муњаќќиќону ихлосмандон маводї фаровон нашр шудааст, ки маълумоти заруриро барои хонанда таъмин менамояд.

Чанд сатре дар бораи аллома Бобољон Ѓафуров  навиштем, ки чанд ќатрае аз бањри нопайдоканори фаъолияту хизматњои ин фарзанди арзандаи миллат буд.Имсол 110 солагии Бобољон Ѓафуров љашн гирифта мешавад. Мо њамчун  пайравони ин алломаи беназир бояд ба ќадри зањматњои бузургон бирасему номи онњоро зинда дорем ва донистани ќадру эњтироми онњоро ба наслњои оянда низ омўзонем.

 

Мирзорањимов Идибег-омўзгор аз мтму №10-и ба номи А.Лоњутии  шањри Вањдат

Категория: Мақолаҳои омӯзгорон | Добавил: Karimov
Просмотров: 317 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0