Телефон барои тамос +992 907 68 88 68 mail Muassisai-10@yandex.ru
menu

Бедор намудани ҳисси ватандўстӣ дар ниҳоди хонандагон.
15.01.2020, 11:49

Тарѓиб намудани њисси ватандўстиву эњтиром гузоштан ба арзишњои фарњангии миллї байни наврасону љавонон  яке аз вазифањои асосии омўзгорон ба њисоб меравад. Барои бедор сохтан ва пурзўр намудани њисси ватандўстї дар нињоди наврасону љавонон роњу усулњои гуногуе вуљуд дорад. Омўзгорон пайваста мекўшанд шогирдонашон ватандўсту соњибмаърифат бошанд,њар як муќадасоти миллиро эњтиром намоянду маънои њар як рангу рамзро донанд.Набояд фаромўш кард,ки бе зањмат натиљаи дилхоњ ба даст намеояд.Барои ноил шудан ба маќсад кўшиши зиёд бояд кард.                                  Тарѓиби ватандўстиву эњтиром ба муќаддасоти он байни хонандагон аз даромадгоњ ва роњраву дањлези муассисањои таълимї оѓоз меёбад.Расми ќањрамонони Ватан,Муќаддасоти Миллї,Рамзњои Давлатии Тољикистон,шиору овезањо ва гўшањои  пурмазмуну диќќатљалбкунанда дар бораи Ватану миллат дар даромадгоњу роњравњои муассисањо худ кўшиши нахустини бедор намудани њисси ватандўстї дар нињоди хонандагон аст.                                                                                        Дар сатњи баланд пешвоз гирифтани љашнњои «Истиќлолияти Давлатї», «Рўзи Конститутсия», «Љашни Парчами Давлатї » «Иди Вањдати Миллї» ва дигар иду љашнњои хусусиятњои сиёсиву миллидошта дар муассисањои таълимї, албаттта, метавонад таъсири хубе барои ватандўст шудани хонандагон расонад. Гузарондани соатњои тарбиявї дар мавзўъњои «Мо њимоятгари Ватанем!», «Ватан-Модар барои мо азизї», «Эњтироми Ватан-Модар ќарзи фарзандї.», «Дастовардњои Истиќлолият», «Родмардони Ватан.» ва дањњо мавзўъњои ба инњо монанд ќадами дигарест барои бедор намудани њисси ватандўстии хонандагон.                                                                          Роњи дигар,ин дар маљлисњои умумии њафтањои фанни таъриху њуќуќ  ќироати маърўзањои пурмазмун аз љониби омузгорони ин фанњо аз таърихи соњибистиќлол шудани Тољикистон, корнамоињову љонфидоињои фарзандони фарзонаи миллат барои ба даст овардани истиќлолу озодї мебошад.Инчунин намоиш додани сањначањои тарбиявии таъсирбахшу пурмазмун  низ дар мавзўъњои зикршуда аз ањмият холї нестанд. Гузарондани озмунњои «Иншои бењтарин дар васфи Ватан», «Иншои бењтарин дар бори Истиќлолият», «Иншо ва ё расми бењтарин дар бораи Парчами Тољикистон» ва ба инњо монанд, ки ба тарбияи ватандўстии хонандагон таъсири мусбат мерасонд, метавонад пањлўи дигари ин масъала бошад. Њамчунин маъмурияти муассиса  метавонад вохўрї бо шоиру нависандагонро ба наќша гирад ва дар давоми соли хониш ин коррро  ташкил намояд.Адибон аз Ватану ватандўстї ба наврасону љавонон суњбат ороянду моњияти дарки ќадри Ватану худшиносии миллиро аз нигоњи худ тањлил намоянд.Бо боварии пурра гуфтан мумкин аст,ки вохўрї бо адибон дар ватандўст шудани хонандагон  таъсири амиќе хоњад гузошт. Агарчанде дар кишварамон иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї хеле кам мондаанд,бо истифода аз фурсатњои муносиб, ташкил намудани вохўриро бо онњо ё даъват намудани онњоро  ба муассисањои таълимї ба роњ мондан лозим аст.Бо шунидани хотироти онњо аз солњои мудњиши љангу љонбозињои одамон барои озодї ва њимояи Ватан нанги  ватандории хонандагон бедор мешавад.                                                                           Нињоят,бо истифода аз технологияи навин дар арафаи љашнњои сиёсї ва миллї ба хонандагон  намоиш додани порчањои филмњои бадеї ё њуљљатї дар бораи  Ќањрамонони Миллат,дар бораи њимояи Ватан,дар бораи азобу машаќќатњои мардум дар даврањои Љанги Бузурги Ватанї ва љангњои бемаънии шањрван- дї,оќибатњои дањшатноки мањалгарої,барќарор шудани сулњу вањдати миллї дар Тољикистон,даствардњои замони истиќлол ва ѓайрањо бе шакку шубња метавонад њисси ватандўстиву эњтиром гузоштан ба арзишњои миллиро дар вуљуди хонанда бедор кунад.Ин аст чанд маслињате ба омўзгорони муњтарам дар ин мавзўъ.

Мирзорањимов Идибег.                                                         Омўзгори фанни забон ва адабиёти тољики муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №10,шањри Вањдат

Категория: Мақолаҳои омӯзгорон | Добавил: Karimov
Просмотров: 557 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0