Телефон барои тамос +992 907 68 88 68 mail Muassisai-10@yandex.ru
menu

Муқоисаи  феълҳо  дар дарсҳои забони  англисӣ.
18.01.2020, 10:37

Муқоисаи  феълҳо  дар дарсҳои забони  англисӣ.

Феьл яке аз мавзӯъҳои  муҳим ва  серистеъмоли  забони  англисӣ  ба шумор меравад. Дар забони англисӣ  феълҳои дуруст  – Regular  verbs   ва феълҳои  нодуруст – Irregular  verbs   мавҷуданд.

Мо омӯзгорон онҳоро бояд муқоиса намуда, ба хонандагон омӯзонем. Омӯзиши  дуруст  ва  бомавриди  ин гуна феълҳо  сабаби  рушди  нутқи  шифоҳӣ ва  хаттии  хонандагон мегардад.

Ҳоло мо ба маънои  асосии  феълҳои   look, watch  ва  see  диққат  дода, дар амал мебинем, ки  онҳо  аз  якдигар  чӣ  фарқ  мекунанд.

to look  –  нигоҳ кардан, назар  андохтан, дидан, аз назар гузаронидан  –       

(нигоҳи  худро  ба самте равона менамоем, ки  бубинем), намудан.

Look!  There is  Jahongir!– Нигоҳ  кунед! Дар онҷо  Ҷаҳонгир  аст.            

(бо ангушт  ишора  мекунем

Look at the sky! - Ба осмон нигар!  

It’s  going  to  rain! - Борон бориданист

Let’s  look  at  this  picture! - Биёед ба ин акс нигарем

You look  fine! - Шумо хуб менамоед!  

You  look  tired! - Шумо хаста  менамоед!

to watch –   тамошо  карданмушоҳида кардан  (ҳаракатро),   таъқиб кардан, пoидан, эҳтиёт кардан.

Im  watching   TV.–   Ман телевизор   тамошо  карда истодаам.        

Watch  yourself!–  Худро  эҳтиёт кунед!

Why are you looking her?– Tу  барои  чӣ  ӯро  таъқиб  карда истодаӣ?

      to  see –  дидан, нигоҳ кардан,  фаҳмидан, рози шудан, мулоқот кардан ё вақт  гузаронидан,  муроҷиат  кардан  (ба духтур ё мутахассис).

I don’t  see  you.  Ман  туро намебинам

Did  you  see this  film  yesterday?Шумо ин  филмро  дирӯз  дидед?  

Did you see  this  house? – Шумо ин хонаро дидаед?

As  I  see  it,  you  need  help –   То ҷое ки  ман  мефаҳмам,   шумо ба кӯмак  эҳтиёҷ   доред

I’m very  busy  this  week.  Ман  ин  ҳафта  хело банд  мебошам . 

I see.–  Ман мефаҳмам .

I will see  her  this  evening. Ман ин бегоҳ бо ӯ мулоқот хоҳам  дошт .

I’m  going to see a  doctor. Ман ба назди духтур рафтанӣ  ҳастам.

Барои  таълими назариявӣ ва амалӣ гирифтани забони  анлисӣ   омӯхтани  феъл  басо  муҳим  арзёбӣ   мегардад. Ҳадафи асосии мо  устодон  бо роҳу  усулҳои  нав аз он ҷумла бо услуҳои салоҳиятнокӣ ва истифода аз техникаю технологияи муосир (тахтаи электронӣ ва компютер) ба  зеҳни  хонандагон  ҷой  кардани  меъёри  истеъмоли  феълҳо дар  забони англисӣ  мебошад.

 

Саъдизода Нурҷаҳон, омӯзгори мактаби №10-и шаҳри Ваҳдат.

Категория: Мақолаҳои омӯзгорон | Добавил: Karimov
Просмотров: 357 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0