Телефон барои тамос +992 907 68 88 68 mail Muassisai-10@yandex.ru
menu

Роњњои ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб намудани хонандагон.
15.01.2020, 11:59

Китоби бадеї  яке аз воситањои асосии маданиятнок шудан,бой намудани фонди луѓавї  ва гирифтани ѓизои маънавї барои њар як хонанда ба шумор меравад. Њангоми мутолиаи китоби бадеї хонанда худро њамроњи  ќањрамонњои он асар гоњ дар набарду гоњ дар шањрњои азим,гоњ дар байни бањру гоњ дар соњил,гоњ танњову гоњ  миёни љамъи дўстон тасаввур менамояду баробари муваффаќ шудани ќањрамони дўстдоштааш ў низ комёб мегардад. Чи лаззати гуворое дорад мутолиаи китоби бадеї, вале афсўс,ки наврасон љавонон имрўз хеле кам бо китоби бадеї рўй меоранд. (Шояд гуфтан мумкин бошад,ки китоби дарсиашонро базўр мехонанд). Ин сухан ,албатта ,ба њама дахл надорад,зеро таљриба нишон медињад,ки хонадагони китобњои бадеї низ вуљуд доранд.

Сабаби ба китоби бадеї кам рў овардани наврасону љавонон дар чист? Бо кадом  роњ онњоро ба хондани китобњои бадеї љалб кардан мумкин аст?Шумо дар ин бора чї фикр доред ман, албатта, намедонам,вале мехоњам нуќтаи назари худро дар ин бора баён намоям.Шояд яке аз сабабњои кам рў овардани наврасону љавонон ба китоби бадеї ин тараќќиёти босуръати техникаву технологияи муосир ва ваќти зиёди худро дар шабакањои гуногуни интернетї сарф намудани наврасону љавонон  бошад. Албатта, аз тараќќиёту пешравии замона ќафо мондан даркор нест,вале маданияти истифодаи технологияи навин,бахусус, шабакањои интернетиро омўхтан зарур аст.

Ба наслњои оянда,ки ворисони мову шумоянд,китобхониву китобдўстиро аз оила сар карда,дар боѓчаву муассисањои таълимї ва макотиби олї омўзондан лозим аст.Ваќте ки хондани китоб ба одати муќаррарии хар як шахс мубаддал мегардад,бовар дорам зиндагиву кор ранги дигар мегирад.                                                      Барои ба китоби бадеї рў овардани наврасону љавонон наќши омўзгорон дар муассисањои таълимї  хеле калон аст. Маъмурияти муассисањои таълимиро зарур аст,ки бо  истифода аз шароитњои муносиб китобхонањои  муассисањои худро аз китобњои бадеї ѓанї гардонанд.Китобдори муассиса байни хонандагон тарѓибгари асосии китобњои нав бояд бошад ва аъзо намудани хонандагонро ба китобхонаи муассиса ба таври њаќиќї ба роњ монад.Роњбарони  синфњоро зарур аст,ки дар ќатори дигар мавзўъњои муњим дар наќшаи солонаи кории худ мавзўъњоеро доир ба китоби бадеї ва ањмияти он дар зиндагии минбаъдаи инсон тарњрезї намуда, аз рўи он фаъолият кунанд.Роњбарон ва аъзоёни иттињодияњои методии забон ва адабиёти тољик дар наќшањои солонаву моњонаи худ масъалањои зеринро љой дода,иљроишашро зери назорати ќатъї бигиранд: Ташкил намудани вохўрї бо шоирону нависандагон, гузарондани озмуни «Китобхони бењтарини муассиса»,ташкил намудани шабњои эъљодии ягон адиб ва дар маљмўъ њавасманд намудани ѓолибони ин озмуну чорабинињо  ва ѓайрањо.              Муаллимони фаннї ва махсусан,роњбарони синфњо  хонандагонро барои доштани китобхонаи шахсї роњбаладї намуда,ањмияти китобхонањои шахсиро дар оянда фањмонда тавонанд.

 Чанд роњеро метавон истифода бурд,то хонанда ба китоби бадеї рў орад.Омўзгор метавонад бо худ китоберо орад ва  дар равиши дарс  дар бораи ќањрамони он асари бадеї њикоя кунад ва наќлро то охир набурда,давомашро ба хонандагон њавола кунад. Он гоњ њисси кунљковии хонандагон бедор шуда,шавќи хондан ва донистани оќибати таќдири ќањрамон дар онњо пайдо мешавад ва китобро аз муаллим гирифта мехонанд.

Адабиёти тавсиявие,ки Вазорати Маориф ва илми Тољикистон барои ханадагони  њар як синф пешнињод намудааст,дар синфхонањо бояд овезон бошад ва  дар давоми солу муддати таътил хонандагон он адабиётро дастрас намуда, мутолиа кунанд.Омўзгор метавонад њар як хонандаро дар бораи китобњои мутолианамудааш пурсон шавад ва хонандагон ќиссањои хондаи худро дар назди њамсинфони худ наќл кунанд.Шояд дигарон њам њаваси хондани ќиссаи рафиќашон мутолианамударо пайдо кунанд.Инчунин,дар дафтари махсус тартиб додани асарњои мутолианамуда ва номи муаллифу ќањрамонњои марказии он асарњо аз фоида холї нест.

Барангехтани шавќу завќи хонанда яке аз њунарњои асосии омўзгори асил  ба њисоб меравад,аз ин рў сохтани «Гўшаи китоб» ё гўшаи «Бузургон дар васфи китоб» низ метавонад сабаби ба китоби бадеї рў овардани хонандагон шавад. Гўшањои номбаршуда бояд диќќатљалбкунанда,зебо ва замонавї бошанд.

Ташкил намудани иншои хонагї дар мавзўи «Ќањрамони дўстдоштаи ман аз китобњои мутолианамудаам» низ метавонад хонандаро бо китобњои бадеї бипайвандад ва хонанда муќоиса намудани наќши ќањрамонњои асарњои хондаашрометавонад биомўзад.                                                                                                                       Пањлўи дигари масъала ин сањми волидайн дар хониши беруназсинфии фарзандонашон мебошад.Хуб мешуд,ки волидони гиромї низ дар ин масъала бо мо њамфикр мебуданду дастгириамон  менамуданд.Њоло дар њамаи маѓозаву дўконњои китобфурўшї дилхоњ китобро бо нархи арзон дастрас намудан мумкин аст. Солњои охир китобњои бадеии зиёди  синни  мактабї дар кишварамон бо сифати баланду нархи дастрас ва муќовањои диќќатљалбкунанда аз нашр баромадаанд.Хуб мешуд,ки ба љои фиттањои пур аз лањзањои ќатлу ѓоратдошта,ба фарзандон китоби бадеї таќдим менамуданд.Ё ањли синф ва волидон дар зодрўзи хонанда ба ў китобњои шавќовари бадеї таќдим намуда,бо гузашти муддате чанд аз мазмуни он китобњо пурсон мешуданд. 

Дар миёни мардуми тангтафаккур сухани бемаъниву  бемантиќе вуљуд дорад, «Фалонї хонд чї шуд?»,ман нисбат ба ин сухан нафрати калон дорам. Охир, мо дар асри 21 ќарор дорем, асре,ки бе китобу бе савод ба љое  расидан амри муњол аст.

 Дар охир ба хонандгони мухтарам ин порчаи шеъриро,ки дар васфи китоб эъчод намудаам, таќдим мекунам.

                     ДАР ВАСФИ КИТОБ

Эй писар, гар маќсадат дар зиндагї

Бошад оромиву њам созандагї.                                                                                                        

 

Хоњї  аз умрат биёбї лаззате,

Байни мардум обрўву иззате.

 

Кўш то ёрат китоб бошад басе,

Чун китоб бо ту намесозад касе.

 

Донї ўро чун рафиќи боадаб,

Њамрањат гирї агар дар рўзу шаб.

 

Ў туро то водии сабзи умед

Мебарад бо роњи њамвору сафед.

 

Мекунад шоистаи номи баланд,

Байни мардум некному арљманд.

 

Гар биафтад мушкиле дар рўзгор,

Маслињатгар њамчунон омўзгор.

 

Ростиву адлу имон аз китоб,

Кори ин дунё  ба сомон аз китоб.

 

Донишу аќлу саводат  аз китоб,

Бахту иќболу саодат аз китоб.

 

Ибни Сино кард бо аќл интихоб,

Љои лаълу тангаву тилло китоб.

 

Ин сабаб шуд то бимонад љовидон

Номи худро дар њама рўи љањон.

 

Инчунин Фирдавсиву Хайёмро,

Рўдакирову Њакими Љомро.

 

Саъдиву њам Њофизи дилдодаро,                                                                           Њам Камолу Румии озодаро.

 

Њам њазорон баъдашон ояндаро,

Шахсиятњои басо арзандаро.

 

Тарбият бинмуд авроќи китоб,

Зењнашон сайќал бидоду обу тоб

 

Гашта љумла соњиби илму њунар

Аз барои насли фардои башар.

 

Ёдгор аз худ суњаф бигзоштанд,

Тухми нахли илму дониш коштанд.

 

То ки мо аз сатрњои њар вараќ

Њосил орем аз барои худ сабаќ.

 

Аввалин вањйи паямбар з-осмон,

«Иќра» нозил гашт,маънояш бихон!

 

Пас, бихон, эй љони ширини падар,

Ёд  гир  одобу  ахлоќу  њунар.

 

Хонданат њаргиз магў, ки дер шуд,

Ё магў чашмам зи дониш сер шуд.

 

Худ паямбар гуфт дар ин бораат:

«То ба гўр омўз аз гањвораат.»

 

Омўзгори фанни забон ва адабиёти тољики муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №10-и шањри Вањдат- Мирзорањимов Идибег.

Категория: Мақолаҳои омӯзгорон | Добавил: Karimov
Просмотров: 783 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0