Телефон барои тамос +992 907 68 88 68 mail Muassisai-10@yandex.ru
menu

ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ - АСОСИ РУШДИ УСТУВОР
15.01.2020, 12:02

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, ҳар сол дар љањон қариб 800 млн. нафар бо мақсади сайёҳат ба хориља кишвар сафар мекунанд. Ғайр аз ин, қариб 2,8 млрд. нафар одамон рухсатии меҳнатиашонро дар ҳудуди мамлакаташон мегузаронанд. Мувофиқи ҳисоботи Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ (ТБС), даромаднокӣ аз ин соҳа беш аз 1,5 трлн. доллари америкоиро дар як сол ташкил медиҳад. Дар баробари ин, имрӯзҳо одамон ҳарчӣ бештар оиди оқибтҳои экологии сайёҳатҳо фикр карда истодаанд. Тасодуфи набуд, ки аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид соли 2002, соли «Туризми экологӣ» эълон шуда буд.

Дар соли 2002 дар шаҳри Квебек дар доираи Соли байналхалқии экотуризм, САММИТи байналхалқии экотуризм баргузор гардид. Дар кори он беш аз ҳазор нафар намояндагон аз 132 мамлакат, ки сохторҳои давлатӣ, шахсӣ ва ғайридавлатиро ташкил менамуданд, иштирок доштанд. Иштирокдорони САММИТ, эътироф намуданд, ки экотуризм дар асоси принсипхои рушди устувор бо назардошти таъсироти он ба муҳити иктисодӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ сохта мешавад. Экотуризм инчунин дорои дигар принсипҳои ба худ хосе мебошад, ки онро аз консепсияи нисбатан васеъи рушди устувор фарқ мекунонад:

Ёрии фаъол дар ҳифз намудани меросҳои табиӣ ва маданӣ.
Ҷалб намудани ҷамоаҳои маҳаллӣ ва таҳҷоӣ ба кори банақшагирӣ, рушд ва амали намудани фаъолияти экотуристӣ, ки барои баланд бардоштани некӯаҳволии онҳо мадад мерасонад.
Ба сайёҳон фаҳмонда додани манфиати меросҳои табиӣ ва мадании ҷойҳои сайёҳат мекардагӣ.
Ҳамроњӣ намудани сайёҳони танњо ва гурӯҳи муташакили на онқадар калон.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда имрӯзҳо истилоҳи экотуризм чи хеле ки дар боло қайд карда шуд, фаҳмишҳои гуногун дорад. Гуногунии истилоҳи экотуризм шоҳиди он аст, ки ин соҳа мундариҷаи васеъ ва шаклҳои гуногуни мушаххаси фаъолият дар соҳаи туризм дорад.

Дар айни ҳол, чи хеле ки дида баромадем, муайяноти зиёди экотуризм мавчуд аст, ки ҳар кадоми аз онҳо ин ва ё он тарафҳои муҳимро муайян мекунанд. Дар маҷмӯъ ин муайянот ба пуррагӣ гуногунӣ ва эволютсияи тасаввурот оиди мақсад ва вазифаҳои ин намуди нави экотуризмро нишон медиҳанд.

Мувофиқи нишондодҳои Й. Криппендорф (J.Krippendorf), мақсади асосии сиёсати нави туризм, ки дар аввал он аз тарафи худи ҳамин муаллиф - туризми ором ё ин ки осуда номида буд, дар он аст, ки «дар муддати тӯлони истироҳати табиӣ ва маънавии шумораи зиёди одамон дар муносибати бевоситагӣ бо ландшафт» мегузарад.

Имрӯзҳо ду роҳи муайян намудани сохтори экологии туризм мавҷуд аст.

Дар мавриди аввал экотуризм -туризме номида мешавад, ки объекти асосии он табиати ёбоӣ мебошад.

Тарафдорони роҳи дувум пешнииҳод, мекунанд, ки туризми экологӣ бояд ки ҳамчун намуди туризми устувор фаҳмида шавад. Агар дар умум фаҳмиши экотуризмро дарк намоем, ин роҳ нисбатан дурустар мебошад, зеро ин намуди туризм дар асоси принсипҳои асосии рушди устувор асос ёфта, бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Ҳангоми бо мақсади экотуристӣ истифодабарии табиат, он ба деградатсияи захираҳо оварда намерасонад, чунки барои барқарор намудан ва ҳифзи онҳо, як қисми даромаде, ки аз фаъолияти экотуристӣ ба даст оварда мешавад, истифода бурда мешавад. Ҳангоми фаъолияти экотуристӣ, объектҳои туризм захираҳои ҳам пайдоиши табиӣ ва ҳам сунъӣ дошта шуданаш мумкин аст.

Дар асоси таҳлилоти дар боло нишондодашуда, шартҳои асосии туризми экологӣ муайян шуданд, ки онхо чунинанд:

Экотуризм хоҳиши муомила намудан бо табиат тавассути сайёҳатҳои мақсаднок ба ҷойҳои дастнорас ва камтағйирёфтаро конеъ мегардонад.
Экотуризм бо таъсироти нисбатан пасти манфии худ ба муҳити табиат фарқ карда шуда, аз ин рӯ онро баъзан «туризми мулоим» низ меноманд. Маҳз бо ин мақсад экотуризм намуди ягонаи истифодакунандаи захираҳои табиӣ дар њудудҳои махсус муҳофизат- шавандаи табиат мебошанд.
Фаъолияти экотуристӣ таъсироти манфиро ба табиат ва маданият пешгирӣ намуда, операторҳои сайёҳӣ ва сайёҳонро маҷбур мекунонад, ки ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва рушди иқтисодӣ ичтимоӣ мадад расонанд.
Экотуризм -ин туризме мебошад, ки масъалаҳои истироҳат, вақтхушӣ ва маълумотнокии экологиро барои сайёҳон якҷоя мекунонад ва дорои қонуну қоидаҳои ҷиддии рафтор мебошад, ки итоат ба онҳо шароити принсипиалии рушди бомувафақияти соҳа ба шумор меравад.
Рушди экотуризм бояд барои аҳолии маҳаллӣ муфид буда, бо манфиатҳои онҳо ва рушди иқтисодй-иҷтимой мухолифат накунад; мутаносибан, чунин пешниҳодоте дошта бошад, ки аҳолии ҷомеаи маҳаллӣ на фақат ба сифати коркунони хизматрасонанда кор кунанд, балки дар ҳудуди ҳифзшаванда зиндагониашонро давом намуда, фаъолияти пешинаашонро идома диҳанд, тарзи хоҷагидории анъанавии пешинаашонро, ки реҷаи ҳифзи табииро таъмин менамояд, идома диҳанд.
Экотуризм ҳамчун қисми таркибии саноати туризм мебошад, ки он маҳсулоти сайёҳиро истеҳсол ва ба фурӯш бароварда аз он даромад ба даст меоаварад, ва ин даромадашро пеш аз ҳама барои ҳифзи табиат ва беҳтар гардонидани некўаҳволии аҳолии маҳаллӣ истифода мебарад.
Мақсадҳои асосии экотуризм, инҳо: маълумотнокии экологӣ, баланд бардоштани маданияти муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва табиат, коркарди меъёрҳои этикии рафтор дар муҳити табиӣ, тарбияи ҳиссиёти ҷавобгарии шахсӣ аз барои ояндаи табиат ва элементҳои алоњидаи он ва инчунин барқарор намудани қувваи табиӣ ва маънавии иисон, таъмин намудани истироҳати пурарзиш дар шароити муҳити табиӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, риоя намудани шартҳои дар боло қайдшуда гарави рушди бомуваффақияти ин самти афзалиятноки фаъолияти сайёҳӣ мебошад                                                                                                                     Муҳимияти ҳудудҳои кӯҳистонро ба инобат гирифта, соли 2002 бо қарори Ассамблеяи Олии Созмони Миллали Муттаҳид «Соли Бай- налхалқии кӯҳ» ва «Соли Байналхалкии экотуризм» эълон шуд.


Омўзгор аз муссисаи тахсилоти миёнаи умуми №10-и шахри Вахдат Мирзорањимов И.

Категория: Мақолаҳои омӯзгорон | Добавил: Karimov
Просмотров: 508 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0