15.01.2020, 11:45 | |
Сухан падид кунад,к-аз ману ту мардум кист, Ки бесухан ману ту њарду наќши деворем! (Носири Хусрав) «Забони тољикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарњо сухан гуфтан ќариб аз миён рафта буд,имрўз аз минбарњои олии Созмони Миллали Мутањид ва дигар Созмонњои Байналмиллалї баланд садо медињад ва чун пайки сулњу дўстиву вањдат дар аќсои олам парвоз мекунад.Пас ѓамхории давлатї ва умумихалќї ба чунин як забони куњнаву пурмуњтаво, нобу шево ва лафзи гавњарбори модарї барои њар кадоми мо –соњибони он, њам фарз асту њам суннат аст.» (Асосгузори Сулњу Вањдати Миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, 8-уми сентябри соли 2010) Оре, забон чун яке аз рукнњои давлатдорї шинохта мешавад ва эњтироми он барои њар як соњибзабон ќарзи муќаддас аст.Ростї, ќариб дар њар шумораи маљаллаи «Омўзгор» дар бораи беѓалат навиштану бехато сухан гуфтан маводњо нашр мешавад, аммо њанўз њам сари њар ќадам бо ѓалатњои имлої вохўрдан мумкин аст.Чаро меъёри забони адабии тољикї аз тарафи соњибони забон риоя карда намешавад? Ин љо сухан на дар бораи гуфтугўи мардум дар кўчаву бозор ,балки дар бораи суханронии сафи зиёї, забони маљаллаву рўзномањо, забони радио ва телевизион меравад, ки бояд ифодагари намунаи меъёри забони адабии тољикї бошанд.Ман, њамчун омўзгор, аз таљрибаи кори худ дар муассисањои таълимї хуб медонам,ки меъёри забони адабии тољикї аз тарафи омўзгорон ќариб ки риоя карда намешавад.Шогирдон бошанд, тарзи навишту тарзи суханронии омўзгоронро ќабул намуда,онро пурра дуруст мешуморанд.Њамин тариќ, шогирдон ба макотиби олї мераванд ва дигар дар тањкурсии каљ хиштро рост чидан хеле душвор ва ё ѓайриимкон аст.Пас аз гирифтани маълумоти олї ба касбу кори гуногун машѓул мешаванд.Ќисме таълими насли наврасро интихоб мекунад ва «мерос»-и аз омўзгорон расидаашро ба шогирдон медињад.Ана њамин хел ѓалат навиштану нодуруст сухан гуфтан аз насл ба насл мегузарад. Њамкасбони муњтарам, дониста бошед,ки мо њуќуќи хато кардан надорем.Хангоми тањлили дарсњои омўзгорони фанњои гуногун,махсусан,тањлили дарси омўзгорони љавон, аз тарафи омўзгорони соњибтаљриба ба онњо маслињатњо дода мешавад.Гоњо омўзгорон эътироз баён намуда мегўянд,ки мо омўзгори фалон фанем, на муаллими фанни забони модарї .Яъне барои онњо риояи меъёри забони адабии тољикї гўё ки дуюмдараља бошад,аммо њаргиз чунин нест. Имлои забони тољикї танњо барои омўзгорони фанни забони тољикї ва адбиёти тољик нест.Риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї барои њама њатмист. Акнун мехохам дар бораи як хатое каме сухан гўям, ки баробари дидану шунидани он хомўш нишастан барои як омўзгори фанни забони тољикї аз рўи виљдон нест. Дар имлои забони тољикї як ќоидаи бисёр одї ва фањмост. «исм пас аз шумора дар шакли танњо меояд.» Мисол: бист дарё, сад гул,ду-се рўз.чанд нома ва ѓайрањо.Мутаассифона,ин ќоидаи одї ва фањмо аз тарафи на њамаи зиёиён; омўзгорон,соњибќаламон ва ровиён риоя карда мешавад ва иборањои нодурусти зерин хеле зиёд истифода бурда мешаванд: њазорон шоирон, садњо оилањо, се- чор бачањо, дањ иншоотњо ва ѓайра. Инчунин, баъзан исм пас аз нумеративи «нафар » дар шакли љамъ меояд. Мисол: дањ нафар ихтиёриён, се чор нафар беморон ва ѓайрањо. Омўзгорони муњтарам, шогирдонро дуруст омўзонед,зеро њар суњани моро онњо дуруст мешуморанд ва дар њамон шакл ќабул мекунанд. | |
| |
Просмотров: 268 | Загрузок: 0 | |